Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи роҳхатҳои Тоҷикистон ба Лондон-2012 ба 12 адад расид


Дар дуввумин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба гӯштии озод дар шаҳри Ҳелсинкии Финландия, паҳлавонони Тоҷикистон – Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев ба дарёфти роҳхатҳо ба бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон мушарраф шуданд. То имрӯз аз рӯи натиҷаҳои басдатовардаашон, 12 варзишгари тоҷик ба бозиҳои олимпии Лондон роҳхат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG