Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин амалиёти бордоркунии сунъии занон дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон аввалин бор амалиёти бордоркунии сунъии занон бо муваффақият анҷом дода шуд. Дар ин таҷриба 6 зани аз 27 то 35-сола ширкат карда, вазъи онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад. Бордор кардани тухмаи занон дар лаборатория анҷом шуд, пас аз 2 то 5 рӯз нутфа ба зойдонии зан гузошта мешавад. Ҳадаф аз ин амалиёт соҳиби фарзанд кардани занони безурёт аст. Гуфта мешавад, нархи ин амал дар Тоҷикистон назар ба кишварҳои дигар ба маротиб арзонтар аст. Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон дувумин кишвари Осиёи Марказист, ки даст ба ин таҷриба задаанд. Динҳои ҷаҳонӣ бордоркунии сунъии занро кори ғайриахлоқӣ мешуморанд ва дар Тоҷикистон низ ҳангоми қабули қонуни дахлдор вакилон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба он мухолиф буданд.
XS
SM
MD
LG