Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Роғун дар дидори вакилони Тоҷикистону Аврупо


Намояндаи порлумонии Тоҷикистон аз вакилони порлумони Аврупо хост "ба таблиғи Тошканд дода нашаванд."Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагониТоҷикистон, Амиршоҳ Миралиев, аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, барои амалӣ шудани тарҳҳои энержӣ Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд ва ба таблиғи Узбакистон дода нашавад. Вай замоне дар ин маврид сӯҳбат кард, ки ҳангоми ҷаласаи дуввуми ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, Никол Киел-Ниелсен, муовини аввали ҳайати аврупоӣ аз фраксияи сабзҳо -- эътилофи либералҳо ва демократҳои Парлумони Аврупо аз фаъолияти корхонаи «Талко» ва сарбанди нерӯгоҳи Роғун интиқод кард. Иҷлоси дуюми кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону ИА рӯзи панҷшанбе дар Душанбе оғоз ба кор кард. Парлумони Аврупоро дар ин нишасти серӯза 9 вакил ба раҳбарии Паоло Бартолоззӣ аз Итолиё намояндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG