Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Моҷарои Чен тақрибан ҳал шудааст


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, дар ҳали моҷарои Чен Чуан Ченг-норозии сиёсии нобино, ки ҳоло дар маркази моҷароҳои дипломатии Чин ва Амрико қарор дорад, “пешравӣ” ба даст омадааст. Хонум Клинтон гуфт, ба вай аз Пекин изҳороте расидааст ва ин изҳорот вайро умедвор мекунад, ки ба Чен Чуан Ченг барои таҳсил дар Амрико роҳхат медиҳанд. Ба гуфтаи хонум Клинтон, Гери Лок-сафири Амрико дар Чин бори дигар рӯзи ҷумъа бо Чен сӯҳбат кардааст.

Чен, ки аз лату кӯби мақомоти расмӣ ва таҳдидҳо ба аъзои хонаводааш, заҷр меакашид, ҳафтаи ҷорӣ сафорати Амрико дар Пекинро тарк кард. Мақомоти Пекин қавл додаанд, ки амнияти Чен Чуан Ченг дар Чин таъмин хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG