Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палтоҳои вазирро ду бор дуздиданд


Акнун Марвон Чарбел бидуни низомиёну муҳофизон ҳатто ба кӯча намебарояд
Акнун Марвон Чарбел бидуни низомиёну муҳофизон ҳатто ба кӯча намебарояд

Сафари расмӣ ба Руминия дар зимистони имсол то нафаси вопасин аз ёди вазири умури хориҷии Лубнон Марвон Чарбел нахоҳад рафт

Дар ин кишвари аврупоӣ палтои ин вазира ду бор дуздиданд. Бори аввал - ҳангоми зиёфтаи расмӣ бо президенти Руминия Траян Басэску. Вазир шикама сер карда хеста дидааст, ки палтояш нест. Пушти курсиҳову таги мизу даруни ҷевону ҳатто паси наққошиҳои бузургро диданд, палто нест!

Мизбонҳои хиҷолатзада ба Чербел палтои нав доданд. Аммо ҳангоми музокироти расмӣ бо раисиҷумҳур Бэсеску ин палто ҳам ғайб задааст... Рӯзи дигар вазири лубнонӣ дар маросими гулчамбаргузорӣ ба як муҷассама ширкат кардааст. Чун диданд, ки меҳмони олимақом аз сардӣ дарақ-дарақ меларзад, мизбонҳо боз сурху сафед шуда, барояш боз як палто доданд...

Палтодузд то ҳол худро ошкор накардааст. Дар бораи он ки вазири лубнонӣ палтои дуюми эҳтошударо сиҳат-саломат то Бейрут бурдааст ё на, расонаҳо чизе нанавиштаанд...
XS
SM
MD
LG