Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндаи порлумонии Тоҷикистон аз вакилони порлумони Аврупо хост "ба таблиғи Тошканд дода нашаванд."

Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагониТоҷикистон, Амиршоҳ Миралиев, аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, барои амалӣ шудани тарҳҳои энержӣ Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд ва ба таблиғи Узбакистон дода нашавад. Вай замоне дар ин маврид сӯҳбат кард, ки ҳангоми ҷаласаи дуввуми ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, Никол Киел-Ниелсен, муовини аввали ҳайати аврупоӣ аз фраксияи сабзҳо -- эътилофи либералҳо ва демократҳои Парлумони Аврупо аз фаъолияти корхонаи «Талко» ва сарбанди нерӯгоҳи Роғун интиқод кард.

Хонум Киел-Ниелсен гуфт, корхонаи «Талко» ба муҳити зист зарар мерасонад ва сарбанди нерӯгоҳи Роғун ба амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон хатар дорад ва дар оянда вазъи экологиро вайрон мекунад.

Амиршоҳ Миралиев дар посух ба ӯ гуфт, Тоҷикистон ба монанди ҳамсояҳояш Туркманистон ва Узбакистон газу нафт надорад, ҳамасола камбуди барқ гиребонгири мардуми оддии ин кишвар аст: «Мо, мардуми мо, ҳам мехоҳем зиндагии шоиста, инсонӣ дошта бошем, мисли дигарон, мисли аврупоиҳо. Мо мехоҳем иқтисоду саноатамонро рушд диҳем, то мардумамон ба муҳоҷират наравад, ин ҷо бо кор таъмин бошад. Бубинед, солона садҳо «бори 200» аз кишварҳои дигар ба Тоҷикистон меояд. Кӣ инро мехоҳад? Чаро моро фаҳмидан намехоҳанд?»


Вай афзуд, аз Иттиҳоди Аврупо умедвор аст, ки барои расидан ба се ҳадафи аслии Тоҷикистон – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энержӣ мусоидат кунад.

Хонум Киел – Ниелсен мегӯяд, аз фраксияи «сабзҳо» дар парлумони Аврупо ва Фаронса аст, ки ҳамеша мухолифи «гигантомания» аст: «Аз иншоотҳои хеле бузург, ба монанди нерӯгоҳи Роғун хушамон намеояд. Мо бар инем, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Аврупо як иншооти бузург не, балки чанд иншооти миёна дар минтақаҳои гуногун рӯи кор ояд. Ман хеле аз вокуниши Тоҷикистон дар ҳайрат шудам. Дар кишвари демократӣ баҳс мешавад. Ин як падидаи хуб аст. Мо ин ҷо танҳо барои «бале, бале, бале» гуфтан наомадаем.»

Паоло Бартолоззи, сарвари намояндагии парлумони Аврупо, ки дар анҷоми нишаст бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, Иттиҳоди Аврупо хоҳони ба истиқлолияти энержӣ даст ёфтани Тоҷикистон аст, аммо то ба охир расидани пажӯҳиши нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ, аз ҳар гуна мавзеъгирӣ дар ин бобат худдорӣ мекунад:

«Аз ҷумла бояд парлумон ҳама кӯшишҳояшро ба харҷ диҳад, то дар хориҷ аз кишвар таваҷҷӯҳи бештарро ба вуҷуд орад. Мо аз ҷониби худ дар парлумони Аврупо дигаронро низ дар ҷараён хоҳем гузошт. Дар масъалаи нерӯгоҳи Роғун беҳтар аст як конфронси байнулмилалӣ даъват шавад ва ба мардуми ҷаҳон мавқеи Тоҷикистон расонида шавад. Аз ҷониби худ Иттиҳоди Аврупо ҳама кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки ин мушкил мавриди баррасӣ қарор гирад ва дар ин қисмати дунё амният пойдор бошад.»

Иҷлоси дуюми кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону ИА рӯзи панҷшанбе дар Душанбе оғоз ба кор кард. Парлумони Аврупоро дар ин нишасти серӯза 9 вакил ба раҳбарии Паоло Бартолоззӣ аз Итолиё намояндагӣ мекунанд. Иҷлоси аввали кумитаи ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон соли гузашта дар Брюссел доир шуда буд. Паймони мушорикат ва ҳамкории ИА ва Душанбе аз 1 январи соли 2010 ба ҳукми иҷро даромад.

4-уми май раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакилони Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ҷаноби Раҳмон гуфт, ки «муносибот бо Иттиҳоди Аврупо дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад.» Дар нишаст ҳамчунин масъалаи пуштибонии риштаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Иттиҳоди Аврупо аз имдодрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз соли 1992 ба ин сӯ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ ба маблағи қариб ним миллиард евро кӯмакҳои молӣ расондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG