Пайвандҳои дастрасӣ

Устоди зиндаёд Ашур Сафар боре чанд корманди телевизионро, ки аз Душанбе ба Кӯлоб ба сафари хидматӣ омада буданд, дар кӯча вохӯрда онҳоро бо худ ба хонааш мебарад.

Шоир дар ҳавлии бошукӯҳаш дар шаҳри Кӯлоб барои меҳмонҳо дастархони шоҳона меоряд ва ва аммо пайваста такрор мекунад - “Э, бачаҳое, хуш омадед, лекин ин омадагиятон беҳисоб”. “Омадагиятон беҳисоб” дар Кӯлоб таъоруф аст ва бештар маънои “Мебахшед, натавонистем, ки шуморо хуб меҳмондорӣ кунем, дафъаи оянда, албатта, шуморо беҳтар меҳмондорӣ хоҳем кард”-ро дорад.

Баъд аз зиёфату сӯҳбати қаймоқӣ меҳмонон қасди бозгашт ба меҳмонхона мекунанд.

-Хайр, ихтиёр доред, лекин ин омадагиятон беҳисоб, -боз такрор мекунад Ашур Сафар.

Кормандони телевизион ба нишони эҳтиром даст рӯи сина мегузоранд:
-Ҳеҷ гап не, устод, ташаккур, боз мешавад...

Ашур Сафар меҳмонҳоро як-як аз назар мегузаронад:
-О чиба намепурсед, ки чаро омадагиятон беҳисоб? – суол мекунад аз меҳмонҳо.

-Чиба беҳисоб будааст, устод? – бо як овоз мепурсанд кормандони телевизион.

-Барои он ки дасти холӣ ба меҳмонӣ омадед! – ҷиддӣ ҷавоб медиҳад Ашур Сафар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG