Пайвандҳои дастрасӣ

Имкони дархости Чен барои таҳисл дар хориҷа


 Чен Чуан Ченг

Чен Чуан Ченг

Чин мегӯяд, Чен Чуан Ченг-норозии сиёсии нобино, ки ҳоло дар маркази моҷароҳои дипломатӣ бо Амрико қарор дорад, мумкин аст барои таҳсил дар хориҷа “дархост” бифиристад. Рӯзи ҷумъа вазорати корҳои хориҷаи Чин гуфт, Чен Чуан Ченг, ки барои фирор аз ҳабси хонагӣ дар сафорати Амрико дар Пекин паноҳанда шуд, мумкин аст “мисли ҳар шаҳрванди маъмулии Чин” бихоҳад, то дар хориҷа таҳсил кунад. Чен, ки аз лату кӯби мақомоти расмӣ ва таҳдидҳо ба аъзои хонаводааш, заҷр меакашид, ҳафтаи ҷорӣ сафорати Амрико дар Пекинро тарк кард. Мақомоти Пекин қавл додаанд, ки амнияти Чен Чуан Ченг дар Чин таъмин хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG