Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафҳаи нави кӯдакони тоҷик дар интернет


Дафтари Созмони Ҷаҳонии Кор дар шаҳри Душанбе сафҳаи интернетии худро бо номи www.no-childlabour.tj роҳандозӣ кард. Дар ин бора намояндагии мазкур ба радиои Озодӣ хабар дод. Дар ин сафҳа роҷеъ ба зиндагии кӯдакони тоҷик, вазъи ҳуқуқии онҳо ва аз ҳаёти кӯдакон дар кишварҳои мухталиф хабару мақолаҳо ба нашр хоҳад расид.
Сомонаи www.no-childlabour.tj аз ҷониби мутахассисони муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва бо кӯмаки фании Созмони Ҷаҳонии Кор ба фаъолият даромадааст.
XS
SM
MD
LG