Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони тоҷик бар интихоботии Арманистон назорат мекунанд


Нозирони интихоботии Тоҷикистон рӯзи якшанбе бар ҷараёни интихоботи порламонии Арманистон назорат хоҳанд кард. Дар ин бора Абдуманнон Додоев-раҳбари дафтари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод.

Дирӯз нозирони тоҷик Нурридин Саидов ва Ҷӯрахон Қурбонов вориди Ереван шудаанд.

Дар интихобот ҳизбҳои сиёсии “Оринатс Еркир”, “Дашнаксутуюн”, Конгресси милии Арманистон, Ҳизби Демократ, Ҳизби Коммунист ва неруҳои дигари сиёсии ин кишвар барои соҳиб шудан ба курсиҳои порламони Арманистон мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG