Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарафҳо вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон, равобит бо Узбакистон ва интихоботи соли 2013-ро баррасӣ карданд.

Муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Белгия Дидйе Рейндерс, ки пас дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе сӯҳбат мекард, изҳор дошт, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикстон рӯи се масъала сӯҳбат кард ва ӯро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Белгия даъват намуд. Вай гуфт, дар ин мулоқот вазири дифои кишвараш Питер де Крим пиз ширкат дошт.

Мавзӯи аввали сӯҳбати онҳо вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 будааст, ки ба қавли вазири умури хориҷии Белгия, як қисмати умдаи нерӯҳои НАТО дар ин кишвар мемонанд ва ба нерӯҳои амниятии афғон кӯмак мерасонанд. Ба гуфтаи Рейндерс, дар ин марҳила кишвари Белгия ба тақвияти марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон мусоадат хоҳад кард. Тоҷикистон бо Афғонистон наздик ба 1400 километр марзи муштарак дорад, ки ба таври мудаввом бо хатари афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва убури гурӯҳҳои мусаллаҳи тундгаро рӯбарӯст.

Дидйе Рейндерс, ноиби сарвазир ва вазири умури хориҷии Белгия

Дидйе Рейндерс, ноиби сарвазир ва вазири умури хориҷии Белгия

Мавзӯи дигари гуфтугӯи ин мақоми аврупоӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, муносибати Тоҷикистон бо кишварҳои давру бараш, аз ҷумла Русия, Узбакистон, Покистон, Туркманистон ва Эрон будааст. Вай афзуд, аз ҷумла муносибатҳои ахири миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар меҳвари ин гуфтугӯ будааст. Таври маълум Узбакистон ба бунёди обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун мухолиф аст ва солҳои охир Тоҷикистонро дар муҳосираи коммуникатсионӣ қарор додааст. Вазири умури хориҷии Белгия гуфтааст, ки кишвараш хостори ҳалли ихтилофҳо ва беҳбуди равобит миёни кишварҳо ба хотири ҳамоиши амиқтари минтақаӣ мебошад.

Масъалаи саввуми сӯҳбати ҷонибҳо, интихоботи дарпешистодаи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2013 будааст. Президенти Тоҷикистон дар ин масъала изҳори омодагӣ кардааст, ки барои фаъолияти нозирони байнулмилалӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG