Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз толори бе "ринг" то Олимпиадаи Лондон


Ҷаҳон Қурбонов ҳини тамрин.
Ҷаҳон Қурбонов ҳини тамрин.

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ки моҳи апрел соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон – 2012 гашт, дар шаҳри Хуҷанд ба ин мусобиқа омодагӣ мебинад.

Ҷаҳон ҳаққи ширкат дар Бозиҳои 30 – юми тобистонаи олимпиро дар мусобиқаи интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба даст овард.

Субҳ Ҷаҳонро дар толори варзишӣ ҳангоми машқ дарёфтам. Дар толори хурди варзишӣ ғайр аз се халтаи муштзаниву чанд дастпӯш дигар чизе аз заруриёти варзишӣ ба чашм намерасад. Вай гуфт: «Ҳозир ҳар рӯз машқ карда, омода шуда истодаам. Умед дорам, ки аз Олимпиада бо медали тилло бармегардам.»

Ҷаҳон Қурбонов пас аз Анвар Юнусов ва Собирҷон Назаров, сеюмин муштзани тоҷик аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон мушарраф шудааст. Ҷаҳонро мураббиёни шоистаи Тоҷикистон падараш - Абдусаид Қурбонов, Баҳром Усмонов ва Ҷамшед Мирзобоев машқ медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ки барои омодагии комил Ҷаҳон бояд дар хориҷ аз Тоҷикистон низ бо тамринҳои таълимӣ фаро гирифта шавад.

Баҳром Усмонов, яке аз мураббиёни Ҷаҳон мегӯяд : «Машқҳои таълимиро дар Маскав, Белорус ва Қазоқистон карданием. Инчунин, Ҷаҳон бояд дар як – ду мусобиқаи аврупоии бокс то олимпиада иштирок кунад. Чунки Ҷаҳон дар 4 соли давраи байни олимпиадаҳо дар вазни 91 кило ба ринг мебаромад. Соли гузашта маслиҳат кардем ва вазнашро то 81 кило поин бурд ва дидед, ба чӣ натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Аммо барои такмили маҳорат дар ин вазни ба худаш мувофиқ бояд ақаллан дар ду мусобиқаи аврупоӣ иштирок кунад.»

Ҷаҳон моҳи апрели дар мусобиқаҳои дарёфти роҳхат ба Олимпиада дар шаҳри Остона ба рақибонаш Ерденебайар Сандрагсурен аз Муғулистон ва Сергей Скляров, муштзани Қирғизистон пирӯз омада, ба даври ниҳоӣ раҳ ёфт. Аммо аз муштзани ҳиндӣ - Сумит Сангван бо ҳисоби 9:14 мағлуб гашт ва бо ҷойи 2 – юм ҳаққи иштирок ба Олимпидаи Лондонро ба даст овард.

Ҳамакнун Ҷаҳон барои омодагӣ ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки охири моҳи июл сар мешавад, камтар аз 3 моҳ фурсат дорад. Аммо омодагии вай дар толоре ҷараён дорад, ки ринг, саҳнаи мусобиқаи муштзанӣ надорад: «Худатон мебинед, ки дар чӣ шароит машқ мекунам. Ваъда дода буданд, ки дар ин толор ринг мегузоранд ва бо дигар заруриёти бокс ҳам таъмин мекунанд. Аммо фақат бомашро, ки мечакид, пӯшиданд ва девору фаршашро рангу бор карданд, тамом. Чанд бор назди масъулон меравам, мегӯянд, ки «аз пули худат рав, баргаштӣ. пардохт мекунем.» Дар чунин шароит чӣ тавр ба Олимпиадаи ҷаҳонӣ тайёрӣ дидан мумкин? Ҳатто халтаҳои муштзаниро ҳам ба пули худамон мехарем.»

Ҷаҳон Қурбонов афзуд, дар ба дари идораҳо гаштану илтимосу дархостҳо барои дарёфти ёрӣ барои беҳтар кардани шароити машқ барои омодагӣ ба Олимпиада, хаста шудааст.

Мураббиёни Ҷаҳон Қурбонов низ бо таассуф гуфтанд, ки омодагии дастпарвари онҳо ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон – 2012 дар шароити носоз сурат мегирад. Онҳо таъкид карданд, ки шогирди онҳо нерӯву тавони пирӯзӣ дар олимпиадаи Лондонро дорад ва ҷиддан ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ омодагӣ мегирад. Аммо набуди шароити хуби тамрин, машқгоҳи мувофиқ, толори дорои заруриёти муштзанӣ ба омодагии Ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад.

Ҷамшед Мирзобоев, аз мураббиёни Ҷаҳон мегӯяд:
«Шумо ҳар мутахассисро, ки хоҳед, пурсед: оё мумкин аст як ҷавони муштзан аз толори бе ринг ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ раҳ ёбад, Қаҳрамони Осиё, ду навбат Қаҳрамони бозиҳои осиёӣ ва барандаи ҷойи 3 - юм, соҳиби медали биринҷӣ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ (Маскав, 2008), барандаи ҷойи 5 – уми олимпиадаи ҷаҳонӣ (Пекин, 2008) ва инак, боз ширкатгари бозиҳои Олимпиадаи ҷаҳонӣ гардад? Ба шумо аксари кулл посухи рад медиҳанд. Аммо Ҷаҳон Қурбонов ба ин муваффақиятҳо ноил гашт. Муҳимаш, вай тавону хоҳиши боз ғалаба кардан дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва барафрохтани парчами Тоҷикистонро кардан дорад. Танҳо чизе, ки мо умедворем, ки мақомоти масъул дасти ӯро мегиранд, дар толори машқи вай ринг мегузоранд ва барои сафарҳои тамриниву иштироки вай дар мусобиқаҳо аз хазинаи давлати Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунанд.»

Ба гуфтаи Ҷамшед Мирзобоев, ҳанӯз чанд сол пеш масъулони варзиши ду кишвари ҳамсоя бо ваъдаҳои бузурги фароҳам кардани беҳтарин шароити тамрину зиндагӣ ва пардохти дастмузд (гонорар) - ҳои ҳангуфт Ҷаҳонро ба кишвари худ ва ҳунарнамоӣ намудан аз номи давлаташон даъват карда буданд. Аммо Ҷаҳон ва мураббиёнаш танҳо ба хотири посдошти эҳтироми ватани худ, Тоҷикистон ин пешниҳодҳоро рад карданд.

Ёдовар мешавам, Ҷаҳон Қурбонов дар Олимпиадаи гузашта дар Пекин имкон дошт ба финал барояд. Вай дар аввалин рақобати худ бар қаҳрамони ҷаҳон Аббос Атоев бо ҳисоби 11:3 ғолиб омад, сипас ҳарифони дигарашро низ мағлуб кард ва ба даври ниманиҳоӣ раҳ ёфта буд. Яъне дар сурати бохти ду бозии ахир ҳам ин варзишгари тоҷик ҳадди ақал бо ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ ба Тоҷикистон бармегашт.

Аммо зимни мусобиқа бо ҳарифаш аз Қазоқистон довари мусобиқа Ҷаҳонро барои истифода аз усули нораво, газидани гардани ҳариф аз идомаи иштирок дар Олимпиада маҳрум гардонд. Абдусаид Қурбонов, сармураббии Ҷаҳон мегӯяд: «Дастаҳои рақибони мо психолог, табиб, масҳгар доранд. Аммо дар мо ҳамаи ин вазифаҳо бар дӯши мураббиён аст, чунки мо имкони молии ба дастаамон дохил кардани чунин мутахассисонро надорем.»

Ҳамин тавр, Ҷаҳон Қурбонов, муштзани номдори тоҷик ба Олимпиадаи тобистонаи Лондон дар толори бидуни ринг омодагӣ мегирад. Ба гуфтаи мураббиёнаш, бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти масъул, ҳанӯз масъалаи пардохти маблағи сафарҳои тамринӣ ва Олимпиадаи Лондон ҳал нашудааст ва ин мушкил ба Ҷаҳони 26-сола дар остонаи ин мусобиқаи муҳими ҷаҳонӣ, фишори равонӣ меорад.

Ҷаҳон нобарориаш дар олимпиадаи гузашта дар Пекинро ба ёд оварда мегӯяд, умедвор аст ин навбат ба чунин бебарорӣ раҳ нахоҳад дод: «Он вақт довар нисбат ба ман ноҳаққӣ кард. Ба фикрам, мақсади вай аз мусобиқа берун кардани ман буд, чунки агар ман ба рақибам, муштзани қазоқ ғолиб меомадам, дар бозии финалӣ бо муштзани чиноӣ, ки мизбон ва довталаби асосии медали тилло буд, вомехӯрдам. Ман аллакай бо вай дар давраи то ниҳоӣ вохӯрда, бо бартарии калон мағлуб карда будам. Аксарияти коршиносон ҳам пешгӯӣ мекарданд, ки медали тиллоии олимпӣ аз ман хоҳад буд. Аммо довар нагузошт мусобиқаро идома диҳам.»

Ҷаҳон афзуд, аммо ин навбат саъй хоҳад кард ба хатоӣ раҳ надиҳад, то дар дасти доварон шанси аз ринг пеш карданро надиҳад. Бо ин вуҷуд вай ва мураббиёнаш ба умеданд, ки ин навбат Ҷаҳон аз Олимпиадаи Лондон бо медал хоҳад баргашт.
XS
SM
MD
LG