Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Ҳошимӣ то 10 май ақиб aфтод


Тариқ Ҳошимӣ
Тариқ Ҳошимӣ
Мурофиаи ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ то 10 май ба таъхир гузошта шуд. Ҳошимӣ ба терроризм ва раҳбарии як дастаи қотилон айбдор мешавад. Вакилони ӯ аз додгоҳ хостанд, ки то парлумони Ироқ барои муҳокимаи ин парванда як додгоҳи вижа созмон диҳад. Ҳошимӣ, ки баландпоятарин мақоми суннӣ дар давлати таҳти раҳбарии шиъаҳои Ироқ аст, иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо ҳамлаи сиёсии рақибони шиъааш номида, тарки Ироқ кардааст. Рӯзи душанбе ӯву чанд муҳофизашро ба қатли 6 қозӣ айбдор карданд.
XS
SM
MD
LG