Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саҳмияҳои Facebook ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд


Facebook – пурхонандатарин шабакаи иҷтимоӣ дар Интернет – қимати саҳмияҳояшро барои IPO, фурӯши аввал дар бозори бурс муайян мекунад. Ширкат мехоҳад ҳар саҳмияашро бо қимати аз 28 то 35 доллар ба бозор пешниҳод кунад, ки дар маҷмӯъ, метавонад ба ҷайби Facebook то 11,8 миллиард доллар биорад. Google Inc. дар соли 2004 аз нахустин фурӯши саҳмияҳош "ҳамагӣ" 1,9 миллард доллар ҳосил карда буд. Марк Зуккерберг, раҳбари ҳамагӣ 28-солаи Facebook, баъди ин фурӯш 31,5 дарсади саҳмияҳоро бо худ хоҳад дошт ва бо 17,6 миллиард доллар дороӣ дар рӯйхати Forbes дар байни сарватмандтарин мардони дунё соҳиби мақоми 33-юм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG