Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Азми Чен ва завҷааш ба тарки Чин


Чен Гуангченг

Чен Гуангченг

Амрико тасдиқ кард, ки дигарандеши нобинои чиноӣ Чен Гуангченг мехоҳад ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш тарки Чин кунад. Дар паи фирор аз ҳабси хонагӣ ба сафорати Амрико дар Пекин паноҳ овардани Чен сабаби таниши дипломатӣ байни Амрикову Чин шуда буд. Чен рӯзи чоршанбе тарки сафорат кард, вале баъдан гуфт, ки мақомот ба ҳаёти завҷааш таҳдид кардаанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, мақомоти амрикоӣ дирӯз бо Чен сӯҳбат карданд ва ӯ тасдиқ карда, ки мехоҳад бо завҷааш аз Чин биравад.
XS
SM
MD
LG