Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай:Музокироти мушкиле бо Амрико дар пеш аст


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, музокироти мушкиле пиромуни ҳузури низомии Амрико баъд аз соли 2014 ҳанӯз дар пеш аст. Карзай гуфт, ӯ мехоҳад, то ин қарордод бо дарназардошти манофеъи мардуми афғонистон имзо шавад. Рӯзи сешанбе Карзай ва ҳамтои амрикоияш Барак Обама дар Кобул ба паймони мушорикати стротегии ду кишвар имзо гузоштанд. Вале ин паймон мақоми нирӯҳои амрикоиеро, ки дар Афғонистон хоҳанд монд, фаро намегирад. Манобеъи низомии Амрико мегӯянд, баъди соли 2014 ҳудуди 15 000 нирӯи Амрико дар ин кишвари ҷангзада хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG