Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бар асари ду таркиши сангин дар канори Махачқалъа – пойтахти ҷумҳурии ошӯбзадаи Доғистони Русия – ҳудуди 15 нафар кушта ва то 30 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Кумитаи миллии зиддитеррори Русия мегӯяд, таркиши аввал вақте рух дод, ки пулис як мошинро барои тафтиши аснод манъ кард. Таркиши дувум замоне иттифоқ уфтод, ки нирӯҳои бештари пулис ва ниҳодҳои изтирорӣ ба маҳалли ҳодиса расиданд. РИА Новости мегӯяд, дар наздикии маҳалли таркиш як лӯлаи газ низ тахриб шудааст. Доғистон бахше аз Қафқози шимолист, ки ба як ҷабҳаи набарди чирикиҳои исломӣ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG