Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми додгоҳ дар қиболи масҷиди Тӯраҷонзодаҳо


Масҷиди "Муҳаммадия" (Акс аз моҳи декабр)

Масҷиди "Муҳаммадия" (Акс аз моҳи декабр)

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат масҷиди Тӯраҷонзодаҳо дар рустои Туркободро аз мақоми масҷиди ҷомеъ маҳрум кард. Аз ин ба баъд масҷиди “Муҳаммадия” танҳо ҳамчун масҷиди панҷвақта метавонад фаъолият кунад. Шӯрои уламо дар моҳи декабр Тӯраҷонзодаҳоро ба баргузории маросими Ошӯро айбдор кард ва Кумитаи дини Тоҷикистон ба дунбол адои намозҳои ҷумъаро дар ин масҷид барои 3 моҳ манъ кард. Ин кумита баъдан ба додгоҳи Ваҳдат шикоят бурда, масъулини масҷиди “Муҳаммадия”-ро ба нақзи қавонин айбдор кард. Тӯраҷонзодаҳо даъвои Шӯрои уламо ва Кумитаи динро радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG