Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри "дастнависҳои" Усома дар Интернет


Маркази мубориза бо тероризми артиши Амрико, рӯзи панҷшанбе бахше аз санадҳои кашфшуда дар паноҳгоҳи Усома бин Лоданро дар Интернет нашр кард. Дар чанде аз ин 17 санад Бин Лодан, ки 2 май дар амалиёти махсуси нерӯҳои амрикоӣ дар Покистон кушта шуд, доир ба корношоям шудани Ал-Қоида ва коҳиши эътимоди мусулмонон ба созмонаш шикоят кардааст. Ин санадҳо нишон медиҳад, ки ҳадафи аслии Ал-Қоида ҳамчунон амрикоиён будаанд ва ӯ тарҳи қатли раҳбарони Амрикоро мекашидааст. Усома бин Лодан ҳатто орзу доштааст, ки ҳавопаймои Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро нобуд кунад. Раҳбари пешини Ал-Қоида, баъзеҳоро “бародарони боэътимоди покистонӣ” номида вале номи касе аз мақомоти покистониро набурдааст, ки аз ҳузури ӯ дар Покистон огаҳ будаанд ва ё пинҳон шуданаш кӯмак кардаанд?
XS
SM
MD
LG