Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Лаҳистон аз кишварҳои ғарбӣ


Русия ва Лаҳистон кишварҳои Аврупои Ғарбиро барои даъваташон ба таҳрими бозиҳои мусобиқоти футболи Аврупо дар Украина танқид карданд. Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон гуфт, нигарониҳо аз рафтор бо Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Украинаро мефаҳмад, аммо ба гуфтаи ӯ худи хонум Тимошенко намехост, ки омодагиҳои чандсола барои баргузории мусобиқоти футболи Аврупо дар Украина ва Лаҳистон барҳадар равад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури мунтахаби Русия низ гуфтааст, варзишро набояд бо сиёсат омехта кунанд. Мақомоти чанде аз кишварҳои аврупоӣ гуфтаанд, ки бинобар бадрафторӣ бо Юлия Тимошенко, ки ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, ба бозиҳои футбол ба Украина нахоҳанд омад. Мусобиқоти мазкур як моҳ баъд шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG