Пайвандҳои дастрасӣ

Комёбии мактабиёни тоҷик дар олимпиадаҳои Остона ва Балкан


Дар олимпиадаи байнулмилалии ба номи Менделеев дар Остонаи Қазоқистон мактабхони тоҷик Улуғбек Баротов нишони тило ва Холиқов Ҳомидхоҷа, Беҳрӯз Носиров, Маъруфҷон Болтабоев нишони биринҷӣ гирифтанд. Дар ин сабқати кимиёдонҳои ҷавон намояндагони 18 кишвар, аксаран ҷамоҳири Шӯравии пешин бо изофаи Фаронса, Туркия, Маҷористон ва ғайра ширкат карданд. Бахши бештари медалҳои тилоии олимпиада насиби хонандагон аз Федерасюни Русия гашт. Инчунин рӯзи 2-юми май дар Анталияи Туркия дастаи шашнафараи Тоҷикистон, ки меҳмони Олимпиадаи Математикҳои Балкан буд, аз миёни 11 даста ҷои сеюмро гирифта ва нишонҳои биринҷиро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG