Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми қотилони "Бобои барфӣ" эълон шуд


Додгоҳи шаҳри Душанбе се нафарро бо иттиҳоми қатли Парвиз Давлатбеков ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард. Фахриддин Додоматов, додраси додгоҳ ҳангоми қироати ҳукм эълон кард, ки Беҳрӯз Шарипов 10 сол ва Фаррух Самиеву Шараф Давлатов чорсолӣ аз озодӣ маҳрум шуданд ва нафари чаҳорум Ҳасан Абдурашидов ба андозаи 100 нишондод ҷарима шуд. Ҳамла ба Парвиз Давлатбеков, шаби якуми январи соли 2012 рух додааст. Парвиз ба нияти табрики наздиконаш ба муносибати Соли нав либоси "Бобои барфӣ"-ро ба тан кард, вале дар даромадгоҳи бинои манзили яке аз хешовандонаш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони ношинос ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлаварон ба ӯ чанд корд зада аз ҷойи ҳодиса нопадид шуданд.

XS
SM
MD
LG