Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО умедвор аст, бо Русия забон меёбад


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ, мегӯяд, ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки бо Русия дар масъалаи истиқрори сипари дифоъии НАТО дар Аврупо ба созиш мерасанд. Аммо пештар аз ин Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия гуфт, музокирот бо Амрико бар сари ин сипар дар Аврупо ба «бунбаст» наздик шудааст. Николай Макаров, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия, таҳдид кард, ки барои ҷилавгирӣ аз истиқрори ин сипар дар Аврупо Русия метавонад аз нерӯ истифода кунад. Русия мегӯяд, истиқрори сипари дифоъӣ дар Аврупо ба раҳбарии Амрико хатаре барои амнияти миллииаш аст, аммо Амрико мегӯяд, ин система танҳо барои муҳофизати кишварҳои аврупоӣ аз ҳамлаҳои мушакиии эҳтимолӣ аз кишварҳо ба мисли Эрон аст.
XS
SM
MD
LG