Пайвандҳои дастрасӣ

Дигарандеши нобинои Чин ватанашро тарк мекунад?


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйид кард, ки Чен Гуанченг, нобинои дигарандеши чинӣ ва мояи моҷарои дипломатии Вашингтону Пекин мехоҳад, бо хонаводааш Чинро тарк кунад. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, мақомоти кишвараш рӯзи панҷшанбе бо Чен Гуанчен гуфтӯгу кардаанд ва ӯ мехоҳад, бо ҳамсараш Чинро тарк кунад. Ҳуқуқдони чинӣ, ки сиёсати яккафарзандии Чинро интиқод карда мақомотро ба хашм овардааст, баъди фирор аз ҳабси хонагӣ 6 рӯз дар сафорати Амрико паноҳ бурд. Баъди ризоияти Чин, ки Гуанченг бо таъмини шароити беҳтари зиндагӣ дар кишвараш мемонад, ӯ рӯзи чаҳоршанбе сафоратро тарк кард. Вале баъдан гуфт, ки мақомоти Чин ба ҳамсараш таҳдид кардаанд. Маълум нест, ки Чин ба ин дигарандеши нобино иҷозаи тарки кишварро медиҳад ё на?
XS
SM
MD
LG