Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаҳои "Афрӯз" ва "Озодагон" ба рӯзноманигорон


Нишасти журналистон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи матбуот дар Душанбе,3-юми майи соли 2012.

Нишасти журналистон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи матбуот дар Душанбе,3-юми майи соли 2012.

Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон - «Афрӯз» сомонаи радиои "Озодӣ"-ро «Сомонаи сол» ва силсилаи мусоҳибаҳои хабарнигори радио Абдуқаюми Қаюмзодро «Мусоҳибаи сол» дар соли 2011 эълон кард.

Дипломи анҷуман имрӯз дар нишасти вижае бахшида ба рӯзи ҷаҳонии матбуот дар Душанбе супурда шуд. Дар ин нишаст журналистон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи матбуот вазъи озоди баёнро дар кишвар баррасӣ карданд. Ин нишаст бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва кӯмаки молиявии Институти Ҷомеаи Боз ва САҲА барпо шуд.

Ҳамчунин дар ин нишаст ҷоизаҳои Созмони «Медиа Алянс» ё Эътилофи расонаҳои Тоҷикистон ба баррандагони онҳо эъто шуд. Зевар Давлатова, раиси шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон ҷоизаи «Барои журналисти беҳтарини телевизион» -ро дарёфт кард.

Ҷоизаи ҷасорат ба номи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ ба рӯзноманигори ҷавон аз ҳафтаномаи «Озодагон» - Ҳумайрои Бахтиёр насиб дониста шуд.

Радиои «Ховар» бо ҷоизаи «падидаи беҳтарини сол» сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин блогнавис Рустами Назаров, барои «беҳтарин блогер» ва Беҳрӯз Зеваров дар бахши топ видио ТҶ соҳиби ҷоизаҳои Медиа Алянси Тоҷикистон шуданд.

Дар ин нишаст ҷоизаҳои «Озодагон» низ ба баррандагони он эъто шуд. Ҷоизаи аввал ба номи Буриниссо Бердиева ба озодатарин рӯзноманигори бону, насиби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи «Азия Плюс» шуд.

Ҷоизаи дуюмро ба Абдуазими Абдуваҳҳоб аз нашрияи «Имрӯз news» ва ҷоизаи сеюмро ба Раҳматкарими Давлат, хабарнигори "Озодӣ" сазовор донистанд.

Ба ин се хабарнигор бо қарори аъзои ҳакамон барои беҳтарин матлабҳояшон дар мавзӯи озодии баён ҷоизаҳо тақдим шуд.

«Озодагон» ин озмунро ба муносибати Рӯзи озодии баён ва яксолагии таъсисёбии хабаргузории "Озодагон" дар ду ҳафтаи пеш эълом карда буд.

Зимнан, хабаргузории «Озодагон» рӯзи 3-юми майи соли 2011 расман фаъол шуд. Ҳоло ин хабаргузорӣ берун аз Тоҷикистон, дар Русия, Эрон, Қазоқистону Қирғизистон низ сабти ном шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG