Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Қирғизистон барои ҳифзи пойгоҳи Амрико


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизитон мегӯяд, боқӣ мондани пойгоҳи Амрико дар қаламрави кишвараш баъди соли 2014, ба таҳаввулот дар Афғонистон ва майли Иёлоти Муттаҳида ба пардохтани ҳаққи иҷораи бештар вобаста хоҳад буд. Алмосбек Отамбоев рӯзи чаҳоршанбе ба телевизиони давлатӣ гуфт, сарнавишти Маркази Транзитии Манас бо назардошти манофеъи Қаирғизистон ва ҳамшарикони стротегии он ҳал хоҳад шуд. Амрико солона барои истифодаи ин пойгоҳ дар фурудгоҳи ҳавоии Манас дар Бишкек ба Қирғизистон 60 миллион доллар мепардозад, ки ин пойгоҳ барои кӯмак дар амалиётҳо дар Афғонистон истифода мешавад. Қарор аст, то соли 2014 бисёре аз нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд. Қаблан раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфта буд, ки баъди моҳи июни соли 2014 дигар пойгоҳи Манасро ба Амрико иҷора нахоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG