Пайвандҳои дастрасӣ

Нобинои дигарандеши чинӣ аз Амрико мадад хост


Ба рағми мавқеъи пешинааш, Чен Гуанченг нобинои дигарандеши чинӣ аз Амрико тақозои паноҳандагӣ кардааст. Як мақоми баландпояи Иёлоти Муттаҳида гуфт, кишвараш омода аст, дар сурати тарки Чин кардани Чен Гуанченг ба ӯ кӯмак расонад. Ин нобинои дигарандеш, баъди фирор аз ҳабси хонагӣ то рӯзи чаҳоршанбе дар сафорати Амрико дар Пекин буд ва баъди тарки сафорат ҳоло дар ихтиёри мақомоти Чин будааст. Чен Гуанченг мегӯяд, метарсад, ки мақомоти Чин аз ӯву хешовандонаш ниқор хоҳанд гирифт. Гарӣ Лок, сафири Амрико дар Чин гуфт, Чен Гуанченг сафоратро бо майли худаш тарк кардааст ва ҳеҷ гуна фишоре ба ӯ нашудааст. Бино ба гузоришҳо, мақомоти Амрикову Чин рӯзи панҷшанбе қазияи Чен Гуанченгро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG