Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти ИМА ва Русия дар "остонаи" бунбаст


Вазири дифоъи Русия мегӯяд, музокирот бо Амрико бар сари барномаи истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупо ба «бунбаст» наздик шудааст. Анатолий Сердюков рӯзи панҷшанбе дар як ҳамоиши дурӯза дар Маскав дар бораи масоили сипари дифоъи мушакӣ гуфт, ду тараф то кунун «роҳи ҳалли қобили қабули ду тараф» наёфтаанд. Русия мегӯяд, истиқрори сипари дифоъии НАТО дар Аврупо ба раҳбарии Амрико хатаре барои амнияти миллии он кишвар аст, аммо Амрико мегӯяд, ин системаи радару мушакҳо ба Русия хатаре надорад ва барои муҳофизати кишварҳои аврупоӣ аз ҳамлаҳои мушакиии эҳтимолӣ аз кишварҳо ба мисли Эрон аст. Русияву НАТО соли 2012 гуфтанд, дар ин масъала ҳамкорӣ хоҳанд кард, аммо ба ҷое нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG