Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи муовини раиси ҷумҳури Ироқ оғоз мешавад


Дар Ироқ муҳокимаи ғоибонаи Тариқ ал-Ҳошимӣ, муовини раиси ҷумҳур, шурӯъ шуд, ки ӯро ба раҳбарии як гурӯҳи қотилон муттаҳам мекунанд. Тариқ Ҳошимии суннимазҳаб, ки дар ҳукумати аксаран шиъамазҳаби Ироқ ин мақоми болоро дошт, мегӯяд, ки бегуноҳ аст ва ин иттиҳомоти беасосро рақибони шиъамазҳабаш кардаанд. Тариқ Ҳошимӣ, ки аз Бағдод ба Курдистони Ироқ ва сипас аз онҷо ба хориҷ фирор кард, дар муҳокима ҳузур нахоҳад дошт. Додгоҳи Ироқ ӯ ва муҳофизонашро ба қатли шаш додрас муттаҳам мекунанд ва ба гуфтаи сухангӯи додгоҳ дар маҷмӯъ ба онҳо 150 иттиҳом эълом мешавад. Ин моҷаро, ки пас аз ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ дар моҳи декабр шурӯъ шуд, дигарбора нигарониҳоро аз сар задани муноқишаҳои мазҳабӣ дар Ироқ барангехт.
XS
SM
MD
LG