Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду қабиласолори мухолифи Толибонро куштанд


Бар асари бомбгузорӣ дар як минтақаи шимолуғарбии Покистон 5 нафар кушта шудаанд. Ҳодиса дар шаҳри Чамарқанд дар минтақаи қабоилнишини Баҷоур ба вуқӯъ пайвастааст ва дар бомбгузориҳо, ду қабиласолори мухолифи Толибон ба ҳалокат расидаанд. Баъди таркиши бомби худсохт, маъмурони амниятӣ ба маҳалли ҳодиса шитофтаанд ва дар ҳамин замон бомби дигаре таркида ду се нафар аз он маъмурони амниятиро куштааст. То кунун масъулияти бомбгузориро касе бар дӯш нагирифтааст, вале Толибони Покистон аз ин корҳо дар гузашта бисёр кардаанд.
XS
SM
MD
LG