Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Яке аз 4 фарзияи наққошии “Фарёд”-и Эдвард Мунк дар музоядае дар Ню-Йорк бо қимати бесобиқаи 120 миллион доллар ба фурӯш рафт. Ин рассоми норвегӣ тасвири мардеро, ки сарашро дошта, гиря мекунад, соли 1895 наққошӣ кардааст. То кунун пурбаҳотарин наққошӣ тасвири “Зани урён, баргҳои сабз ва сари сина”- маҳсули қалами Пабло Пикассо буд, ки 2 сол пеш дар музоядаи Кристӣ ба маблағи 106,5 миллион доллар фурӯхта шуд.
XS
SM
MD
LG