Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW Сурияро ба ҷиноёти ҷанг айбдор кард


Human Rights Watch Димишқро ба ҷиноёти ҷанг дар ҷараёни оташбас айбдор кард. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, дар моҳҳои марту апрел, ки музокироти оташбас бо фиристодаи СММ Куфӣ Анон идома дошт, дар вилояти Идлиби Сурия 95 нафари мулкиро кушта, садҳо манзилро тахриб кардаанд. Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, чирикиҳо дар як шабехун дар вилояти Ҳалаб 15 тан аз нирӯҳои амниятиро куштанд. Дар ин ҳамла ду чирикӣ низ ҷон бохтааст. Русия “террористҳо”-ро ба талоши ба ҳам задани субот ва тахриби нақшаи Анон дар Сурия айбдор кард.
XS
SM
MD
LG