Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримоти СММ алайҳи се ширкати Кореяи шимолӣ


Шӯрои Амнияти СММ ба кишварҳои дунё дастур дод, то ҳисобҳои бонкии се ширкати давлатии Кореяи шимолиро мунҷамид кунанд.
Ин иқдом дар посух ба озмоиши нокоми мушакии Пхенян дар моҳи апрел аст. Пхенян мегуфт, ҳадафаш аз ин озмоиш танҳо ба мадор баровардани як моҳвора аст. Вале ин иқдом мухолифи қатъномаҳои қаблии Шӯрои Амният буд, ки Кореяи шимолиро аз фаъолиятҳои ҳастаиву мушакӣ манъ мекунанд. Сафири Амрико дар СММ Сюзайн Райс гуфт, ин се ширкат дар барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Пхенян хеле дахил буданд.
XS
SM
MD
LG