Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дигарандеши нобино аз Обама кумак хостааст


Чен дар роҳи таҳвил аз сафорати Амрико ба бемористон

Чен дар роҳи таҳвил аз сафорати Амрико ба бемористон

Дигарандеши нобинои чиноӣ Чен Гуангченг аз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хостааст, то барои рафтани ӯву хонаводааш аз Чин кумак кунад. Чен чанд соат баъд аз тарки сафорати Амрико дар Пекин ба хабарнигорон гуфт, ба ҳаёти наздиконаш дар Чин хатар таҳдид мекунад. Чен бо истинод ба мақомоти амрикоӣ гуфт, мақомоти чиноӣ таҳдид кардаанд, ки дар ғайри сурати тарки сафорат завҷаашро то мурдан хоҳанд кӯфт. Аммо Марк Тонер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико инро радд кард.Чен рӯзи 22 апрел аз ҳабси хонагӣ дар устони Шангдонг фирор карда, ба сафорати Амрико паноҳ овард. Мақомоти Амрико қаблан гуфтанд, ки Чен сафоратро ихтиёран ва ба хотири пайвастан ба аҳли хонаводааш тарк карда, аз Амрико паноҳандагӣ напурсидааст.
XS
SM
MD
LG