Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар даргириҳои Қоҳира


Мақомоти Миср мегӯянд, дар даргириҳои дирӯза дар назди вазорати дифоъ дар Қоҳира дастикам 20 тан кушта шуданд. Даргирӣ байни ҳамлагарони ношинос ва эътирозгароне рух дод, ки хатми ҳукумати низомиҳоро талаб мекарданд. Гуфта мешавад, аксари эътирозгарон тарафдорони номзади тундрави исломгарое будаанд, ки ба далели шаҳрвандии дугонаи Мисру Амрикоро доштани модараш аз ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ маҳрум шуд. Даври аввали интихобот рӯзҳои 23 ва 24 май хоҳад гузашт. Ҳокими низомии Миср гуфтааст, артиш шояд қудратро ба раисиҷумҳури мунтахаб як моҳ пештар аз мӯҳлат, яъне алакай баъди 24 май бисупорад, вале дар сурате ки баранда дар даври аввал маълум шавад.
XS
SM
MD
LG