Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Арабистони Саудӣ ба Эрон


Валиаҳди Саудӣ Ноиф

Валиаҳди Саудӣ Ноиф

Арабистони Саудӣ Эронро алайҳи таҳрик додани танишҳо дар байни кишварҳои халиҷи Форс ҳушдор дод. Валиаҳди Саудӣ Амир Ноиф дар Риёз, дар нишасти Шӯрои ҳамкории халиҷ “тасарруф”-и як ҷазираи даъвоӣ бо Имороти Араб аз сӯи Эрон ва ҳам нақши Теҳрон дар эътирозҳои Баҳрайнро, ки аксари аҳолиашро шиъаҳо ташкил медиҳанд, маҳкум кард. Ӯ гуфт: “Мо исрор меварзем, ки Арабистони Саудӣ ва аъзои дигари Шӯро бояд амнияти худро бахше аз амнияти тамоми ин созмон дониста, ба хотири истиқлол ва субот бо Баҳрайн ва Иморот аз як гиребон сар бароранд.”
Вазири хориҷаи Саудӣ Сауд Файсал қаблан гуфт, кишварҳои арабии халиҷи Форс дар пайи сохтани иттиҳоди сиёсие мебошанд, ки сиёсати хориҷӣ ва дифоъи муштарак дошта бошад.
XS
SM
MD
LG