Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва рақибаш дар даври дувуми интихобот Франсуа Олланд шоми чоршанбе дар баҳси ниҳоии телевизионӣ бо якдигар даступанҷа нарм карданд. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки Саркозӣ дар раъйгирии рӯзи 6 май аз Ҳолланд ақиб мемонад. Дар баҳси доғи дирӯза Саркозӣ рақибашро ба корбурди “пешниҳодҳои пуч” айбдор кард ва гуфт, ки Олланд тавони раҳбарӣ ба иқтисоди панҷуми дунёро дар айни буҳрон надорад. Ҳолланд ба навбаи худ Саркозиро ба таҷзияи мардуми Фаронса айбдор кард ва гуфт, мизони бекорӣ дар даври ӯ ду маротиба афзуда, ба 10 дарсад расид.
XS
SM
MD
LG