Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ансоруллоҳро дар Тоҷикистон манъ карданд


Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти созмони исломгарои Ансоруллоҳро расман манъ кард. Исми ин созмон дар пайи ошӯби дувуним сол пеши гурӯҳҳои Мулло Абдуллоҳ ва Алии Бедакӣ дар водии Рашт вирди забонҳо шуд. Мақомоти Душанбе масъулияти нооромиҳои Рашт ва ҳам як ҳамлаи террористии моҳи сентябри соли 2009 алайҳи як воҳиди вижаи милиса дар шаҳри Хуҷандро ба ҳамин гурӯҳ бор карданд. Аз соли 2000 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолияти 10 созмон, аз ҷумла Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизби Таҳрир, ҳизби озоди Тоҷикистон ва Ҷамоати Таблиғ расман манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG