Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти ПАД дар Остона ва ду ҳамоиш дар Душанбе


Имрӯз, 3 май, Рӯзи ҷаҳонии озодии баён аст. Ба ин муносибат имрӯз дар Душанбе анҷумани “Озодии баён” ва дар Стокҳолм расми эътои ҷоизаи озодии матбуот доир хоҳад шуд. Имрӯз дар Бағдод мурофиаи парвандаи ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ оғоз хоҳад ёфт. Имрӯз дар Пекин бо ширкати Ҳилларӣ Клинтон Муколамаи стротегиву иқтисодии Чину Амрико ва дар Остона нишасти серӯзаи вазирони дифоъи Паймони амнияти дастаҷамъӣ оғоз ба кор мекунанд. Ва дар Душанбе имрӯз иҷлоси дуюм ва низ серӯзаи кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону ИА оғоз меёбад.
XS
SM
MD
LG