Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси “Иттиҳоди афсарони Тоҷикистон”


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Гурӯҳе аз мансабдорони собиқи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон Иттиҳоди афсарони Тоҷикистонро таъсис доданд.

Дар нахустин ҷаласаи созмони нав дар шаҳри Душанбе собиқадорони мақомоти амниятии Тоҷикистон, генералҳои бознишаста -- муовини собиқи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Эркин Муҳиддинов, ноиби пешини вазири корҳои дохилӣ , Пирӣ Ҳусаинов, муовинони собиқи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Абдураҳим Раҷабов ва Ислом Усмонов, собиқ додситони ҳарбии Тоҷикистон Амир Саидов ширкат карданд. Ҳамчунин вазири пешини амният ва корҳои дохилӣ Саидамир Зуҳуров ба ҳайси меҳмон дар ҷаласа ширкат доштааст. Дар ин ҳамоиш сарвари пешинаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд сарҳанг ё полковник Шавкат Юлчиев раиси Иттиҳоди афсарони Тоҷикистон интихоб шудааст.

Генерал Нуралишо Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳоло муовини раиси Иттиҳоди афсарони Тоҷикистон ҳайати муассисонро ин гуна таъриф кард: «Генералҳо ва полковникҳое ҳастанд, ки умуман барои худ кор накардаанд. Мана, ҳоло ман дар байни замин помидор мекорам. Мо дар вақташ барои тинҷиву оромии ватан кор кардем. Сарвату давлату дигар чизҳоро як сӯ монем, ин генералҳое, ки ҳастанд, ҳатто мошини шахсӣ надоранд. Инҳо одамони тоза ҳастанд. Он генералҳое, ки хонаҳои серошёна доранду се-чор «ҷип», ҳатто хуш намекунанд, ки то ин иттиҳод оянд.»

Ба қавли муассисон, Иттиҳоди афсарони Тоҷикистон танҳо ба хотири дастгирии молиявии афсарони бознишаста — шурӯъ аз лейтенанти хурд то генералҳо аст. Нуралишо Назаров гуфт, теъдоди назарраси оилаҳое ҳастанд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз саробонашон, ки афсари нерӯҳои амниятӣ будаанд, маҳрум шуда, дар ҳоли ногувор қарор доранд, аммо ба далели заъфи иқтисодии буҷаи ҳукумат кӯмаки кофӣ дастрас намекунанд. Вай афзуд, иттиҳод дар ин амр ба ҳукумат кӯмак хоҳад кард.

Бино бар омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон наздик ба 10 000 афсари бознишаста ба сар мебаранд. Коршиносон мегӯянд, ба ҳам омадани ин нерӯи бузург Иттиҳоди афсаронро ба як созмони қавии ҷамъиятӣ табдил хоҳад дод, аммо дар шароити кунунӣ ба ҳам омадани ҳар гуна созмон тасодуфӣ буда наметавонад. Саймуддин Дӯстов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, танҳо ҳузури афсарону генералҳо дар ин иттиҳод нишони нерӯмандӣ нест, зеро онҳо дар гузашта корномаҳое доштанд, вале ҳоло ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар таъсир надоранд. Ба қавли ӯ, пайдоиши ҳамчунин созмонҳо барои муҳити коршиносии Тоҷикистон ғайриоддӣ нест: «Зеро яке аз равандҳои муҳити сиёсӣ тақрибан дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои худкома созмонҳои зиёде ба миён меоянд, ки дар илми сиёсатшиносӣ онҳоро "ассотсиатсияҳои ғайриорганикӣ" ном мебаранд. Агар кулли таҳаввулоти олами араб, Гурҷистону Украина ва Қирғизистонро дуруст таҳлил кунем, мебинем, ки нақши ин созмонҳои ғайриорганикӣ нисбат ба ассотсиатсияҳои органикӣ ба мисли аҳзоби сиёсӣ бештар будааст.»

Султони Ҳамад, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, ин иттиҳод сирф ҷамъиятист ва дар ҷаласаи нахустини он афроде ҷамъ омаданд, ки ба ҳукумат вафодоранд: «Аксари онҳо афсароне ҳастанд, ки қариб ҳамаашон аз ҳамин ҳукумат дифоъ кардаанд. Ҳама рутбаҳои баланди худро маҳз аз ҳамин ҳукумат гирифтаанд. Дар миёни онҳо аз намояндагони собиқ мухолифон нафаре ҳам нест. Дар оинномаашон ҳам гуфтаанд, ки аз сиёсатҳои ҳукумати имрӯза дифоъ хоҳанд кард.»

Муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон, Абдулло Ҳабибов, мегӯяд, аз таъсиси чунин як иттиҳод хабар надорад, аммо вазъи иҷтимоии генералҳо ва ҳатто афсарони собиқ он қадар вазнин нест: «Ҳамон нафақае, ки давлат медиҳад, бояд барои рӯзгузаронӣ дар айёми бознишастагӣ кифоят кунад. Дигар ин ки агар генерал буд, бояд пасандоз ҳам мекард. Маошашон бад набуд.»

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир нафақаи генералҳо ва афсарони бознишаста беш аз 400 доллари амрикоиро ташкил мекунад. Бино ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, теъдоди назарраси афсарони бознишаста аз Русия низ нафақапулии кофӣ мегиранд, ки барои зиндагиашон кифоят мекунад. Иттиҳоди афсарони Тоҷикистон 16 апрели соли равон дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст ва ҳоло ҳудуди 100 узв дорад. Нуралишо Назаров мегӯяд, қабули аъзо ба иттиҳод бидуни маҳдудият аст, аммо афсароне, ки гузаштаи ҷиноӣ доранд, пазируфта намешаванд.

Бо вуҷуди он ки муассисон манбаи молии фаъолиятҳои ояндаи Иттиҳоди афсарони Тоҷикистонро зикр накардаанд, интизор меравад, он ба як созмони тавоно ва мӯътабар табдил ёбад. Тамаркузи он ба ҳимояти иҷтимоӣ аз афсарони бознишаста ва хонаводаҳои онҳо метавонад, як ишораи борик ба камбуди ҳукумат дар ин самт бошад.
XS
SM
MD
LG