Пайвандҳои дастрасӣ

Аз кашфи парчами "Ансоруллоҳ» то манъи фаъолияти он


Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳангоми қироати ҳалномаи марбут ба «Ҷамоати Ансоруллоҳ».

Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳангоми қироати ҳалномаи марбут ба «Ҷамоати Ансоруллоҳ».

Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба таври расмӣ фаъолияти созмони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» -ро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

«Ҷамоати Ансоруллоҳ» сенздаҳумин созмони тундравест, ки фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон расман мамнӯъ эълон шудааст.

Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон эълон дошт, ки дар фаъолияти «Ҷамоати Ансоруллоҳ» таблиғи маҳалгароӣ ва кинаву адовати динию нажодӣ мушоҳида шуд, ки мардумро ба барандозии сохти конститутсионӣ ва давлатдории Тоҷикистон даъват намуда, барнома дошт, ки фазои амнияти кишварро баҳам бизанад. Вай афзуд, ки ин иқдоми Додгоҳи олии Тоҷикистон бо пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон сурат гирифтааст: «Муҳокимаи қазияи манъи фаъолияти ин созмон паси дарҳои баста бо ширкати масъулони вазоратхонаҳои қудратӣ, амниятӣ, додситонӣ, дифоъ ва адлия сурат гирифтааст. Созмони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳамчун созмони террористӣ ва ифротгаро дар қаламрави Тоҷикистон, ки фаъолияти ғайриқонунӣ мебурд, эътироф карда шавад ва амали ӯ мамнӯъ дониста шавад. Навиштани чопу мақолаҳои таблиғотӣ ба суди ин созмон манъ карда шуда, ворид кардан ва паҳн намудани адабиёту варақаҳо, маводи аудио ва видеоии «Ансоруллоҳ» дар қаламрави Тоҷикистон боздошта шавад.»

Ҷаноби Қодиров афзуд, ки алайҳи ҳукми додгоҳ то як моҳи дигар шикоят бурдан мумкин аст.

Дар навори видеоие, ки дар моҳи октябри соли гузашта аз номи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар Ютуб пайдо шуд, нафаре мардумро ба ҷиҳод даъват мекард ва мегуфт, онҳо ҷоҳталаб нестанд, аммо мехоҳанд ҳокимияти Қуръонро барпо созанд. "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар ин навори видеоӣ худро гурӯҳе аз муҷоҳидони тоҷик хонда буд. Сардори раёсати Додситонии кулли Тоҷикистон Муҳаммадҷон Хайруллоев, ки ба намояндагӣ аз Додситонии кулл дар Додгоҳи олӣ ҳузур дошт, гуфт, ки «Ҷамоати Ансоруллоҳ» як шохаи «ал-Қоида» буда, дар Тоҷикистон тайи як соли охир чанд амалиёти харобкорона анҷом додааст ва ҳодисаи таркиши бинои бахши умури дохилӣ дар Хуҷанд ва ҳодисаҳои Рашт аз ҷумлаи ин амалҳост. Гуфта мешавад, ки кашфи парчами ҷамоати "Ансоруллоҳ» дар ҷараёни амалиёт алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло дар Рашт, гумонҳо дар бораи мавҷудияти ин созмонро ба яқин расонидаст.




Дар ибтидо раҳбари аслии созмони «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон Мулло Абдулло номбар мешуд, вале баъдан баъзе аз намояндагони мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки сарварии ин гурӯҳро нафаре бо номи Мулло Амриддин бар дӯш дорад. Аммо то ҳол расман гуфта нашудааст, ки ин гурӯҳ дар куҷо макон дорад ва раҳбараш кист. Бино бар ҳукми Додгоҳи олӣ, аз ин ба баъд ҳар нафаре, ки бо ин созмон ҳамкорӣ мекунад ва ё ба он мегаравад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Муҳаммадҷон Хайруллоев, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд: «Барои узвият ва ё ҳамкорӣ дар аҳзобу созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон аз се то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо таъйин карда шудааст ва баробар ба нишондиҳандаи 2000 маоши ҳадди ақал ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.»

Ва аммо таҳлилгароне, ки ба масъалаи аҳзоб ва созмонҳои мамнӯъ сару кор доранд, ба ин назаранд, ки "Ҷамоати «Ансоруллоҳ» барномаи доштани фаъолияти ошкоро дар Тоҷикистонро пайгирӣ намекард ва аз эҳтимол дур нест, ки баъд аз ин қарор “Ансоруллоҳ” низ ба сафи гурӯҳҳои хатарноки “зеризаминӣ” ҳамроҳ шавад.

Фаррух Умаров

Фаррух Умаров

Фаррух Умаров, сардори Бахши масоили дини Маркази стротегии назди раёсати президенти Тоҷикистон бо дарназардошти фаъолияти пинҳонии Ҳизбутаҳрир мегӯяд, ки пас аз манъи он ҳоло фаъолияташ бештар шудааст. Зеро ба қавли ӯ, муносибати нокофии дину давлат дар Тоҷикистон заминаҳоеро фароҳам овардааст, ки роҳро барои фаъолияти гурӯҳҳое мисли «Ҷамоати Ансоруллоҳ» боз мекунад:

«Таҷрибаи кофии робитаи байни дину давлат вуҷуд надорад ва илова ба ин муҳити динии Осиёи Миёна нишон медиҳад, ки созмонҳое мисли «Ансоруллоҳ» барои густариши сиёсатҳои геополитикии кишварҳои алоҳида истифода мешаванд. Мубориза бо «Ансоруллоҳ» бояд ҷиддитар бошад ва ячейкаҳои он ошкор карда шавад.”

Ҳамин тавр «Ҷамоати Ансоруллоҳ» 13-умин гурӯҳ ё созмонест, ки фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ эълон карда шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон то кунун фаъолияти созмонҳое, мисли «Ал-қоида», «Толибон», «Ихвон-ал-муслимин», «Ҳаракати Исломии Узбакистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати Таблиғ» ва дигар созмонҳоро манъ карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG