Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақби Шар-Шар аллакай таъмирталаб шудааст


Нақби Шар-Шар
Нақби Шар-Шар

Роҳи вурудии нақби «Шар-Шар» аз самти Норак қисман хароб шуда ва ба навсозӣ ниёз дорад.

Ин нақб дар 80-километрии шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб дар моҳи августи соли 2009 барои ҳаракати нақлиёт боз шуд ва аз ҳамон вақт номи «Озодӣ»-ро гирифт.

Бахтиёр Шарифов, мутахассиси шӯъбаи роҳҳои вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бархе аз қисматҳои роҳи вурудии ин нақб аз тарафи Норак тарқишҳо пайдо шуда, ин барои ҳаракати нақлиёт душворӣ пеш овардааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, як ширкати сохтмонии кишвари Чин, ки ин нақбро бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст, розӣ шудааст, ки навоқиси пешомада дар ин нақбро бо маблағҳои худ бартараф кунад.

Бахтиёр Шарифов, мутахассиси шӯъбаи роҳҳои вазорати нақлиёти Тоҷикистон илова кард, ки новобаста аз зарар дидани қитъаҳои роҳ, ҳаракати мошинҳо тавассути ин нақб қатъ нашудааст.

Дарозии нақби «Озодӣ» 2 223 метр буда, сохтмони онро роҳсозони Чин моҳи октябри соли 2006 оғоз карда буданд. Дар сохтмони он 38 миллион доллар сарф шудааст. Баъд аз истифодаи ин нақб, роҳи Душанбе-Кӯлоб 40 дақиқа аз вақти пешин камтар ва худи роҳ 7 километр кӯтоҳтар шудааст.

Нақби Шар-Шар дар баробари шоҳроҳи Душанбе-Чанак, нақби Шаҳристон, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Лолазор-Хатлон ва Ҷануб-Шимол, аз намунаи сармоягузориҳои бузурги Чин дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG