Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони "қонуншикан" муҷозот шуданд


Имрӯз, 2-юми май, ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо гашт ва футболбозоне, ки дар бозиҳои мусобиқоти лигаҳои оливу якум кортҳои сурх гирифтанд, муҷозот шуданд.

Дар ин ҷаласа чунин тасмим гирифта шуд:

Алишер Тағоев, бозигари «Зарафшон»-и Панҷакент, барои бозии дағалона муқобили рақибаш дар бозӣ бо тими Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров (28-уми апрел) аз 2 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима, Баҳодур Қосимов, бозигари «Ҳосилот»-и Фархор, барои рақибашро барқасдона лат додан дар бозӣ бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа (28-уми апрел) аз 3 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима,

Алишер Полвонов, сармураббии ҳайати ҷавонони «Парвоз», барои таҳқири доварони бозии дастаҳои ҷавонони «Зарафшон» - «Парвоз» (27-уми апрел) аз 2 бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима, Ҳумоюн Хайматов, бозигари дастаи «Пахтакор»-и Қабодиён, барои тела додани рақибаш дар бозӣ бо тими «Бохтар»-и ноҳияи Бохтар (30-юми апрел) аз 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима,

Ихтиёрҷон Амонов, бозигари тими «Бохтар», барои тела додани рақибаш дар бозӣ бо тими «Пахтакор» (30-юми апрел) аз 2 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима,

Маҳмадҷон Раҳмонов, бозигари дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, барои таҳқири доварон дар бозии «Самар» (Рӯдакӣ) - «Кӯктош» (30-юми апрел) аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
XS
SM
MD
LG