Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Даҳгонаи ҷаҳонии зидди озодии матбуот


Зане дар интернет-кафеи Теҳрон.

Зане дар интернет-кафеи Теҳрон.

Кумитаи дифоъ аз журналистон 10 кишварро "шадидтарин поймолкунандагони озодии баён" номид.

Созмони маъруфи нозири озодии баён имсол исми даҳ кишвари аслии сонсуркунандаи матбуоти озодро нашр карда гуфтааст, ки ҳукуматҳои Ӯзбакистон, Беларус ва Эрон аз шадидтарин поймолкунандагони озодии баён маҳсуб мешаванд. Дар гузорише, ки дар остонаи рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот аз ҷониби Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Ню-Йорк нашр шудааст, таъкид мешавад, ки ҳамаи ин ҳукуматҳо дар қатъи дастрасӣ ба иттилоъ аз роҳи пахши садои журналистон ва масдудкунии вебсайтҳо даст доранд.

Муовини раиси Кумитаи дифоъ аз журналистон, Роберт Маҳонӣ, мегӯяд, мақомоти Эрон, ки аз эътирозҳои пайдарҳами мардум хаста шудаанд, шадидтарин шеваи сонсури Интеретро ҷорӣ ва даҳҳо журналистро зиндонӣ карданд: "Эрон ба хотири саркӯб кардани гузоришҳои интиқодӣ журналистонро ҳабс мекунанд. Чопи нашрияҳои ислоҳотхоҳ аксаран номумкин гашта, кормандони нашрияҳо зиндонӣ шудаанд. Матбуоти моҳвораӣ ва миллионҳо вебсайтҳо масдуд шудаанд. Фанновариҳои махсус барои мудохила ба барномаҳои компютерии зиддисонсур истифода мешаванд. Соли 2006 Эрон яке аз бадтарин кишварҳои сонрсуркунандаи матбуот эътироф шуда, аз он замон то имрӯз, баъди Эритреяву Кореяи Шимолӣ ва Сурия ҳамоно дар миёни бадтаринҳо қарор дорад."

Дар Ӯзбакистон, ки раҳбари дарозмуддати он -- Ислом Каримов матбуотро хафа кардааст, ба қавли Кумитаи дифоъ аз журналистон ҳамаи матбуоти мустақил нобуд шудааст. Маҳонӣ меафзояд, ҳоло дар зиндонҳои Ӯзбакистон, ки дар рӯйхати ин кумитаи мақоми шашумро дорад, панҷ хабарнигор мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пушти сар мекунанд.

Аз миёни онҳо, Муҳаммад Бекҷонов ва Юсуф Рӯзимуродов аз нашрияи оппозитсионии “Эрк” аз соли 1999 инҷониб дар маҳбас ба сар мебаранд: "Дар Ӯзбакистон ҳеҷ як нашрияи мустақил амал намекунад. Дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо хориҷӣ, ҳатто калимаҳои калидӣ номумкин аст. Панҷ журналист мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пушти сар карда, хабарнигорони хориҷӣ аз кишвар ронда шудаанд."

Рӯйхати давлатҳои сонсуркунандаи матбуотро Кумитаи дифоъ аз журналистон аз назари дастрасӣ ба торнамоҳо, озодии ҳаракати журналистон ва ҳузури матуботи мустақил дар ҷомеа таҳия кардааст. Беларус, ки дар мақоми даҳуми ин рӯйхат қарор дорад, интихоботи баҳсбарангези президентӣ, ки раҳбари худкома Аляксандр Лукашенкаро дубора сари курсии раёсатҷумҳурӣ нишонд, чун пайғоми марги охирин нишонаҳои озодии матбуот дар ин кишвар қабул шуд.

Маҳонӣ мегӯяд, ки ҳатто муддатҳо пеш аз интихобот ва дар паи эътирозҳои мардумӣ зидди режими Лукашенка журналистони беларус пайваста таъқиб шуда, марги машкуки се журналист ҳеҷ гоҳ таҳқиқ нашудааст. Ҷасади Алеҳ Биябенин, муассиси сайти ошкоргӯи Хартия-97, ки соли 2010 дар бӯстонсарояш ошкор шуд, яке аз чунин қазияҳост: "Ҳукумати Беларус коргоҳҳои журналистонро бозҷӯӣ карда дастгоҳҳои онҳоро мусодира, журналистонро зиндонӣ карда хабарнигоронро аз саёҳат бозмедорад. Вебсайтҳои мустақил масдуд шуда дастрасӣ ба Интернет танҳо баъди ошкор шудани ҳуввияти шахс иҷозат дода мешавад."

Дар феҳрасти давлатҳои дигари сонсуркунандаи матуботи озод исми Гвинея, Миянмар, Арабистони Саудӣ ва Куба номбар шуда, давлатҳои Туркманистон, Озарбойҷон ва Чин дар ҷойи охир қарор гирифтанд. Гузориши Кумитаи дифоъ аз журналистон як рӯз баъд аз пахши арзёбиҳои вазъи озодии баён дар ҷаҳон аз ҷониби созмони байналмилалии "Хонаи Озодӣ" нашр шуд. Ин созмони амрикоӣ мегӯяд, ки дарсади мардуме, ки ба матбуоти озод дастрасӣ доранд, то поинтарин нишондод дар 20 соли охир таназзул карда, ҳоло фақат ҳар нафари шашум дар ҷаҳон аз матбуоти озоди баҳравар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG