Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии вазъи озодии матбуот дар Душанбе


Дар Душанбе рӯзи 3 май журналистон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи матбуот вазъи озоди баёнро дар кишвар баррасӣ хоҳанд кард. Ин нишаст, ки бо ибтикори Институти Ҷомеаи Боз ва САҲА барпо мешавад, намояндагони кулли созмонҳои журналистӣ ва фаъолони озодии суханро дар як толор гирди ҳам меорад. Дар ин нишаст қарор аст масоили хоси матбуоти имрӯзи кишвар, аз ҷумла, аз кодекси ҷиноӣ берун шудани банди “тӯҳмату таҳқир”, мушкилоти ворид кардани ислоҳот ба Қонуни матбуот, ҷараёни ношаффофи гузариш ба пахши рақамии матбуоти электронӣ ва этика, чун василаи муҳими кори матбуоти озод баррасӣ шавад. Масъалаи дигар, марбут ба кӯшиши назорати Интернет аз роҳи масдудсозии он мебошад, мегӯянд ташкилкунандагони ин нишаст.
XS
SM
MD
LG