Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 таркиш дар ҷануби Покистон


Дар паи 20 таркиши бомба, ки рӯзи чоршанбе дар ҷануби Покистон рух дод, дасти кам як нафар кушта шуд. Полис гуфт, ки бомбаи аввал дар дохили банкомати воқеъ дар Бонки Миллии Покистон дар шаҳри Ҳайдаробод таркид. Мақомот гуфтанд, ки 19 таркиши дигари рухдода бештар дар берун ё наздикиҳои дафтарҳои намояндагии Бонки Милии Покистон дар шаҳру навоҳии Ҳайдаробод, Навшаҳру Фирӯз, Доду, Танду Муҳаммадхон, Бадин ва Кутрӣ ба мушоҳида расид. Полис гуфт, ки нафари кушташуда ходими амният будааст. Ду нафари маҷрӯҳшуда захмҳои ночиз гирифтанд. Ҳанӯз маълум нест, ки дар пушти ин таркишҳо кӣ истодааст. Дар гузашта чунин таркишҳоро миллатгароҳои Синд анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG