Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишҳо баъди поёни сафари Обама ба Афғонистон


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи як силсила таркишаҳои имрӯза дар Кобул, ҳафт нафар кушта ва наздики 20 тан маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса чанд соат баъди анҷоми як сафари ғайримунтазираи президенти ИМА Барак Обама ба Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Обама баъди имзои як созишномаи ҳамкориҳои стратегӣ бо президент Ҳомиди Карзай Афғонистонро тарк кард. Толибон, ки масъулияти ин таркишҳоро ба гардан гирифтанд, гуфтанд, ки ин посухи онҳо ба сафари Обама будааст. Ҳамлагарон бурқа дар тан дар маҳаллае, ки ҷои зисти кормандони сафоратхонаву созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ аст, оташ кушоданд. Нирӯҳои амниятии НАТО ҳамаи ҳамлагаронро баъди чанд соати тирандозӣ нобуд карданд. Яке аз муҳофизони непалии маҳаллаи мазкур дар ин ҳодиса кушта шуд.
XS
SM
MD
LG