Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон дар бораи боздошти қочоқбарони афғон хабар дод


Мақомоти марзбонии Ӯзбакистон гуфтанд, ки ду шаҳрванди Афғонистонро ба ҳангоми кӯшиши қочоқи 33 килограмм ҳероин ба дохили Ӯзбакистону боздошт карданд. Мақомот таърихи дақиқи ин ҳодисаро нагуфтанд, таъйиди ин хабар аз роҳи манобеи мустақил ҳам ғайриимкон аст. Мақомоти Тошканд гуфтанд, ки ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Ин хабар рӯзе баъди он пахш шуд, ки гуфта шуд, Хадамоти амнияти милии Ӯзбакистон дар бораи боздошти чанд шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми кӯшиши қочоқи ҳашт килограмм ҳероин ба Русия тавассути хоки Ӯзбакистон хабар доданд.
XS
SM
MD
LG