Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марин Ли Пен дар даври дувум аз касе ҳимоят накард


Марин Ле Пен
Марин Ле Пен
Раҳбари ростгароёни тундрави Фаронса Марин Ле Пен гуфт, рӯзи 6 май дар даври дувуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ ба ягон номзад раъйи ҳимоят нахоҳад дод. Ле Пен, ки дар даври аввали раъйгирӣ бо касби 18 дарсади оро баъди номзади сотсиалист Франсуа Ҳолланд ва раисиҷумҳури кунунӣ Никола Саркозӣ севум шуд, ба тарафдоронаш гуфт, интихобашонро аз рӯи виҷдони худ кунанд. Ҳолланд ва бахусус Саркозӣ барои таъмини пирӯзии худ дар даври дувум рӯи тарафдорони Ли Пен ҳисоб мекарданд. Аммо Марин Ле Пен гуфт, рӯзи 6 май баргаи холиро ба қуттӣ хоҳад андохт.
XS
SM
MD
LG