Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ:То поёни моҳ ҳамаи 300 нозир ба Сурия мераванд


СММ гуфт, қасд дорад то поёни моҳи май тамоми 300 нозирашро дар Сурия мустақар кунад. Ноиби дабири кулли СММ дар умури амалиётҳои сулҳ Эрве Ладсоуз гуфт, феълан 24 нозир дар Сурия буда, 150 тани дигар дар садади эъзом ба ин кишвари арабист. Вазифаи ин ҳайъат назорат бар оташбасест, ки ҳанӯз рӯзи 12 апрел эълон шуда буд. Ладсоуз гуфт, нозирон дар бораи нақзи ин оташбас ҳам аз сӯи нирӯҳои Башор Асад ва ҳам аз сӯи мухолифин гузориш медиҳанд.
XS
SM
MD
LG